Маркази миллии тестӣ барои хонандагони синфи 11 имтиҳонҳои озмоишӣ оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 1 октябр имтиҳонҳои озмоиширо барои синфҳои 11-ум оғоз кард.
Ҳадаф аз баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ, ки дар онҳо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок мекунанд, шинос кардани хатмкунандагон бо тартиби имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, тарзи иҷрои тест ва пур кардани варақаи ҷавобҳо аст. Дар имтиҳонҳои озмоишӣ китобчаҳои тести қисми А (имтиҳони умумӣ), ки се субтест – забони тоҷикӣ, математика ва асосҳои давлат ва ҳуқуқро дар бар мегирад, инчунин варақаҳои ҷавобҳо ба иштирокдорон дар шакле, ки дар имтиҳонҳои воқеӣ истифода мешаванд, пешниҳод мегарданд.
Пас аз анҷоми имтиҳонҳо аз тарафи Марказ маълумот дар бораи холҳои бадастовардаи иштирокдорон омода ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешавад. Вобаста ба ин, хатмкунандагони дар имтиҳонҳои мазкур ширкаткарда инчунин дар бораи сатҳи омодагияшон ба имтиҳонҳо аз фанҳои дахлдор маълумот мегиранд.
Тибқи нақша, имтиҳонҳои озмоишӣ дар 22 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор мегарданд. Дар имтиҳонҳои мазкур, ки то 30 октябр давом мекунанд, беш аз 2100 нафар хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок мекунанд.
Ҷараёни имтиҳони озмоиширо чун дар имтиҳонҳои воқеӣ кормандони Марказ ва омӯзгорони ҷалбгардида назорат менамоянд.








Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ






