Масъалаи омодасозии мутахассисони маҳаллӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон баррасӣ мегардад

Октябрь 30, 2019 10:10

ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Омодасозии мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон имрӯз зимни ҳамоиш дар Душанбе баррасӣ мегардад. Созмондиҳандагони он Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва Маркази тиҷорати байналмилалӣ мебошанд. Интизор меравад, ки ҳамкорӣ миёни давлат, муассисаҳои таълимӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати дастаҷамъона эҷод намудани заминаҳои дониш ва тавоноӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ аз ҷониби иштирокдорону коршиносони соҳа баррасӣ шавад. 

Дар хабаре, ки аз МТБ ба АМИТ «Ховар» расидааст, гуфта мешавад, ки  намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, вазоратҳои марбута ва созмонҳои байналмилалӣ бо ҳам ҷамъ омада, масоили рушди соҳаро бо таваҷҷуҳи махсус ба омодасозии мутахассисон ва роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ миёни соҳаи нассоҷию дӯзандагӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои ҳалли мушкилоти соҳа  баррасӣ мекунанд.

Раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов мегӯяд, ки «дониш барои тиҷорат калиди муваффақият аст. Донишҳои замонавӣ ба тиҷорат имкон медиҳанд, ки бо маҳсулоти хушсифат марзҳоро убур карда, соҳибкории маҳаллӣ ба бозори байналмилалӣ роҳ ёбад. Мушкили дарёфти мутахассисон дар самтҳои асосӣ барои рақобатпазирии муассири саноати мо монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Ҷавобгӯ набудани донишу мутахассисон ба талаботи феълии соҳа ва бозори меҳнат, дастрас набудани муассисаҳои таълимию омӯзишӣ ба фанновариҳои замонавӣ, мушкили ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба соҳа ва барномаҳои кӯҳнаи таълимӣ мушкилоти асосие мебошанд, ки дар ҳамоиш матраҳ мегарданд».

Иштирокдорони ҳамоиш вазъи кунунии ҳамкорӣ миёни соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимиро баррасӣ карда, имкониятҳои нави тақвияти ҳамкориро ҷӯё мешаванд. Ҳамчунин стандартикунонии низоми маориф ва барномаҳо, фароҳамории имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯён ва пешниҳоди корҳои рақобатпазир ва ҷолиб ҳам баррасӣ хоҳанд гардид.

Октябрь 30, 2019 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард