Масъулини Хадамоти пешгирии ҳуқуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Суғд дар мактабҳо санҷиш гузарониданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Хадамоти пешгирии ҳуқуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо мақсади огаҳӣ ёфтан аз раванди таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва санҷишу назорати риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», қарору фармоиш ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар ҳамин самт амалкунанда дар мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Б.Ғафуров, Мастчоҳ ва Ашт санҷиш гузарониданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сардори хадамоти мазкур, полковники милитсия Баҳром Саидзода дар якҷоягӣ бо намояндаи Раёсати маорифи шаҳру ноҳияҳои зикршуда бо ҷараёни дарс, омодагии омӯзгору хонандагон ба он, иҷрои уҳдадориҳои муаллим, падару модар, муассиса ва дигар паҳлуҳои таълиму тарбия дар мактабҳое, ки хонандагонашон ҷиноят содир намудаанд, шинос шуда, як зумра камбудиҳоро ошкор кард.
Санҷиш маълум кард, ки дар тамоми мактабҳои мавриди назар моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» риоя намешавад. Тибқи моддаи зикршуда, дар ин мактабҳо бояд комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии қонуни мазкур ташкил мегардид, ки фаъолият накардани онҳо аз муносибати бепарвоёнаи роҳбарияти ин мактабҳо гувоҳӣ медиҳад.
Натиҷаи санҷишҳо дар ҷаласаи васеъ бо иштироки директорони мактабҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. Масъулин барои рафъи камбудиҳо, аз ҷумла ташкили комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», аз ҳисоби хонандагони синфҳои болоӣ таъсис додани «Созмони дӯстони навраси милитсия» вазифадор карда шуданд.
Тавре аз Хадамоти мазкури Раёсати ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳамин гуна санҷишҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои минтақа гузаронида мешаванд. Мақсад аз гузаронидани ин санҷишҳо беҳбудӣ бахшидан ба сифати таълиму тарбия ва пешгирӣ аз каҷрафтории хонандагон мебошад.








Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд






