Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар Форуми ҳафтуми ҳамкории Чин-Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Наннини Ноҳияи мухтори Гуансӣ-Ҷуани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии ҳайати мамлакат дар Форуми ҳафтуми ҳамкории Чин-Осиёи Марказӣ иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар медиҳад.
Зимни суханронӣ Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин на танҳо бо сарҳади муштарак, балки бо анъанаҳои қадими фарҳангӣ ва тиҷоратӣ, ки аз давраи Роҳи абрешими бузург сарчашма мегиранд, бо ҳам пайванданд. Ҳамчунин зарурати бо талошҳои муштарак такмил додан ва таъсис додани абзори нави ҳамкорӣ, татбиқ намудани лоиҳаҳои бузургӣ стратегӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои навоварӣ таъкид гардид.
Дар баробари иштироккунандагони анъанавии Форум дар ҷаласаи даври навбатии он ҳамчунин Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай, намояндагони ҳукумат ва дигар доираҳои Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва кишварҳои АСЕАН иштирок намуданд.
Дар ҳошияи Форум зерфорумҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи логистикаи фаромарзӣ ва тиҷорати электронӣ, рушди муштараки шаҳрҳои ҳушманд ва ҳамкорӣ оид ба татбиқи низоми навигатсияи моҳворавӣ доир гардиданд.
Дар доираи Форуми номбурда ҳамчунин Форуми занони Чин-Осиёи Марказӣ доир карда шуд, ки дар он иштироккунандагон оид ба масъалаҳои таъмиқи табодул ва муттаҳидкунии саҳми занон баҳри рушд ва пешрафти давлатҳои минтақа, аз ҷумла дар доираи “Камарбанд ва роҳ” изҳори назар намуданд.
Аъзои ҳайати Тоҷикистон дар зерфорумҳо фаъолона иштирок ва суханронӣ намуда, ба иштирокунандагони онҳо дар бораи сиёсат ва муносибати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои муҳокимашаванда сухан гуфтанд.
Дар доираи Форуми ҳамкории Чин-Осиёи Марказӣ ҳамчунин Намоишгоҳи кишварҳои иштироккунандаи Форум ташкил карда шуд. Дар он беҳтарин намунаҳои маснуоти ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, аксҳо ва маводи иттилоотӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки дар онҳо таърих, фарҳанг, санъати мардуми тоҷик ва забони тоҷикӣ, боигариҳои табиӣ, мавзеъҳои диққатҷалбкунанда, имкониятҳои сайёҳӣ ва соҳаҳои фаъолияти мамлакат инъикос ёфтанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин












COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






