Мутахассисони Қазон донишҷӯёни тоҷикро бо технологияҳои журналистикаи муосир шинос месозанд

Октябрь 2, 2019 11:08

ДУШАНБЕ, 02.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд курси махсуси журналистикаи телевизионӣ барои рӯзноманигорони ҷавон оғоз ёфт, ки онро кормандони Донишгоҳи федералии Қазон мегузаронанд. Ташкилкунандаи давраи омӯзишӣ Институти тадқиқоти Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ин бора маркази матбуоти ин донишкада хабар медиҳад.

Мавзӯъҳое, ки дар курси махсус баррасӣ мегарданд, инҳоянд: жанрҳо ва қолабҳои рӯзноманигории телевизионӣ, навъҳои гуногуни гузоришҳо, кор бо манбаъҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, фейк-хабарҳо ва қоидаи се манбаъ, принсипҳои ташаккули матни хабар, хусусиятҳои ташаккули таҳияи барномаи иттилоотӣ ва ғайра.

«Асосҳои назариявии барои омӯзиш пешниҳодшуда мустақиман ҳангоми таҳлили онҳо ба тарзи амалия низ пешниҳод мешаванд, то аз худ кардани мавод то ҳадди имкон самаранок бошад. Илова бар ин, дар охири курси махсус иштирокчиён бо назардошти маводи омӯхташуда стендап мегузаронанд », — гуфт манбаъ.

Маърӯзачиёни курси махсус роҳбари озмоишгоҳи омӯзишии UNIVER ТВ дар Донишкадаи илмҳои иҷтимоиву фалсафӣ ва коммуникатсияи оммавии ДФҚ Лайсан Абдуллина ва муаллими кафедраи ВАО миллӣ ва глобалии Мактаби олии журналистика ва медиакоммуникатсияи Донишкадаи илмҳои иҷтимоиву фалсафӣ ва комуникатсияи оммавии ДФҚ, узви ҳукумати ҷавонони Тотористон Алина Сисоева мебошанд.

Октябрь 2, 2019 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид