«Найрангҳои Майсара» дар Самарқанд намоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 09.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 19 октябр ҳайати ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд.
Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори театри мазкур Манучеҳр Шарифзода иброз дошт, дар тӯли 28 сол бори аввал ҳунармандони тоҷик ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карда, ба тамошобинони кишвари дӯстӯ бародари ӯзбек опереттаи мазҳакавии «Найрангҳои Майсара» дар таҳияи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов ва афсонаи бачагонаи «Бузаки ҷингилапо»-и Фаттоҳ Одинаро намоиш медиҳанд.
Ба маълумоти директори театр, гурӯҳи ҳунармандон аз 33 нафар иборат буда, таҳти роҳбарии муовини аввали директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Содиқ Нуруллоев ва намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.












Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






