«Найрангҳои Майсара» дар Самарқанд намоиш дода мешавад

Октябрь 9, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 09.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 19 октябр ҳайати ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон  сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори театри мазкур Манучеҳр Шарифзода иброз дошт, дар тӯли 28 сол бори аввал ҳунармандони тоҷик ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карда, ба тамошобинони кишвари дӯстӯ бародари ӯзбек опереттаи мазҳакавии «Найрангҳои Майсара» дар таҳияи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов ва афсонаи бачагонаи «Бузаки ҷингилапо»-и Фаттоҳ Одинаро намоиш медиҳанд.

Ба маълумоти директори театр, гурӯҳи ҳунармандон аз 33 нафар иборат буда, таҳти роҳбарии муовини аввали директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Содиқ Нуруллоев ва намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Октябрь 9, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид