НБО «Тоҷикистон» ба давраи зимистон пурра омода аст
МУРҒОБ, 01.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. НБО «Тоҷикистон»-и ноҳияи Мурғоб ба давраи зимистони имсола пурра омодаанд. Ин матлабро масъулини неругоҳ зимни сафари кории Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, ки бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагии идораву муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ба фасли зимистон аз ноҳияи Мурғоб дидан намуд, баён доштанд.
Раиси вилоят сафари худро аз мулоқот бо кормандони неругоҳи хурди барқии “Тоҷикистон”, ки ягона манбаи равшанӣ ва гармидиҳии ноҳия ба шумор рафта, соли гузашта баъди навсозии комил ба кор андохта шуд, оғоз кард. Як нафар корманди масъули неругоҳ Холиқ Соҳибназаров ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки “корҳои омодагии НБО “Тоҷикистон” барои сипарӣ кардани зимистони тӯлонӣ аз аввали баҳор оғоз шуданд ва боварӣ доранд, ки сокинон мувофиқи имконият бо неруи барқ таъмин хоҳанд гардид”.
Дар гузашта неругоҳи мазкур ҳамагӣ 200 квт-соат неруи барқ тавлид намуда, 1200 хоҷагӣ дар як шабонарӯз аз 3 то 6 соат бо барқ таъмин мегаштанд. Беморони касалхонаи ноҳиявӣ соатҳо дар ҳуҷраи торик ва бистари сард неруи барқро мунтазир мешуданд. Омӯзгорон ба иллати ҳавои сарди синфхона маҷбуран муҳлати дарсҳоро кӯтоҳ ва шогирдонашонро ба хона рухсат мекарданд.
Ба гуфтаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Мулкамон Назаралиев, “сардии ҳаво ба табиати ин минтақа ҳам осеби ҷуброннопазир расонд. Ягона растание, ки ин ҷо месабзад, ин тезкан (трескен) ҳасту решааш то ба яку ним метр мерасад. Ин растанӣ аз як сӯ агар манбаи асосии хӯроки қутос бошад, аз сӯи дигар замини теппаҳои атрофи маркази ноҳияро аз лағзиш ва шусташавӣ нигоҳ медорад. Ин растаниро сокинон бинобар бебарқӣ чун сӯзишворӣ истифода мекарданд, ки сабаби кам гаштани миқдори он гардид. Ва аз ҳама муҳим ин ки барои дубора барқарор шудани он 30 ё 40 сол бояд интизор шуд”.
Баъди навсозӣ иқтидори НБО “Тоҷикистон” то ба 1 ҳазору 500 квт-соат расонда шуд. Агар оби рӯди Оқсу аз меъёр зиёд ях набандад, неругоҳ имконият дорад бидуни реҷа ба манзили сокинони ноҳия неруи барқ интиқол диҳад.








Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид






