НБО «Тоҷикистон» ба давраи зимистон пурра омода аст

Октябрь 1, 2019 16:31

МУРҒОБ, 01.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. НБО «Тоҷикистон»-и ноҳияи Мурғоб ба давраи зимистони имсола  пурра омодаанд. Ин матлабро масъулини неругоҳ зимни сафари кории Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, ки бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагии  идораву муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ба фасли зимистон аз ноҳияи Мурғоб дидан намуд, баён доштанд.

Раиси вилоят сафари худро аз мулоқот бо кормандони неругоҳи хурди барқии “Тоҷикистон”, ки ягона манбаи равшанӣ ва гармидиҳии ноҳия ба шумор рафта, соли гузашта баъди навсозии комил ба кор андохта шуд, оғоз кард. Як нафар корманди масъули неругоҳ Холиқ Соҳибназаров ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки “корҳои омодагии НБО “Тоҷикистон” барои сипарӣ кардани зимистони тӯлонӣ аз аввали баҳор оғоз шуданд ва боварӣ доранд, ки сокинон мувофиқи имконият бо неруи барқ таъмин хоҳанд гардид”.

Дар гузашта неругоҳи мазкур ҳамагӣ 200 квт-соат неруи барқ тавлид намуда, 1200 хоҷагӣ дар як шабонарӯз аз 3 то 6 соат бо барқ таъмин мегаштанд. Беморони касалхонаи ноҳиявӣ соатҳо дар ҳуҷраи торик ва бистари сард неруи барқро мунтазир мешуданд. Омӯзгорон ба иллати ҳавои сарди синфхона маҷбуран муҳлати дарсҳоро кӯтоҳ ва шогирдонашонро ба хона рухсат мекарданд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Мулкамон Назаралиев, “сардии ҳаво ба табиати ин минтақа ҳам осеби ҷуброннопазир расонд. Ягона растание, ки ин ҷо месабзад, ин тезкан (трескен) ҳасту решааш  то ба яку ним метр мерасад. Ин растанӣ аз як сӯ агар манбаи асосии хӯроки қутос бошад, аз сӯи дигар замини теппаҳои атрофи маркази ноҳияро аз лағзиш ва шусташавӣ нигоҳ медорад. Ин растаниро сокинон бинобар бебарқӣ чун сӯзишворӣ истифода мекарданд, ки сабаби кам гаштани миқдори он гардид. Ва аз ҳама муҳим ин ки барои дубора барқарор шудани он 30 ё 40 сол бояд интизор шуд”.

Баъди навсозӣ иқтидори НБО “Тоҷикистон” то ба 1 ҳазору 500  квт-соат расонда шуд. Агар оби рӯди Оқсу аз меъёр зиёд ях набандад, неругоҳ имконият дорад бидуни реҷа ба манзили сокинони ноҳия неруи барқ интиқол диҳад.

Октябрь 1, 2019 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст