ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи абрнок мешавад

Октябрь 1, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 01.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи  абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мегардад.

Тавре  аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар шарқи вилоят бе боришоти назаррас (0-0,5мм) пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 19+24 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  шабона 0-5 дараҷа  хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барфи тар) ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва   рӯзона  12-17  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, танҳо дар баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр барф) борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 20+22 дараҷа  гарм мешавад.

Октябрь 1, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд