ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Октябрь 31, 2019 08:10

ДУШАНБЕ, 31.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5   ва рӯзона 9+14 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 8-13 дараҷа  хунук ва рӯзона 2+7  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф борида, дар ағбаҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то15-20 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5  ва   рӯзона    9+14  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Рӯзона ҳавои  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона  18+23  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат  меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. Дар  ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 7+12  ва рӯзона 20+25  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  1+6  ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона борон меборад. Рӯзона ҳавои бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 7+9 ва  рӯзона  23+25 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 31, 2019 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид