Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни гузаронидани 217 санҷиши аудиторӣ 102,5 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд
ДУШАНБЕ, 22.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ зимни гузаронидани 217 санҷиши аудиторӣ дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ дар зарфи нуҳ моҳ 102,5 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайян намудаанд. Ин нукта зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Палатаи ҳисоби мамлакат дар ҷаласаи ҳисоботӣ, ки дар ҳузури раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Қарахон Чиллазода доир гардид, зикр шуд.
Қарахон Чиллазода гуфт, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои марбутаи мамлакат, инчунин дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ба роҳ мондааст.
Ҳамзамон дар ҷаласаи ҳисоботи сараудиторон ва сардорони раёсатҳо шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Палата барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди соҳаи аудит ва риояи методологияи амалкунанда баррасӣ гардиданд.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






