Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни гузаронидани 217 санҷиши аудиторӣ 102,5 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд

Октябрь 22, 2019 09:41

ДУШАНБЕ, 22.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ  зимни гузаронидани 217 санҷиши аудиторӣ дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ  дар зарфи нуҳ моҳ 102,5  миллион сомонӣ зарари молиявӣ  муайян намудаанд. Ин нукта зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Палатаи ҳисоби мамлакат дар ҷаласаи ҳисоботӣ, ки дар ҳузури раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Қарахон Чиллазода доир гардид, зикр шуд.

Қарахон Чиллазода гуфт, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои марбутаи мамлакат,   инчунин дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон дар ҷаласаи ҳисоботи сараудиторон ва сардорони раёсатҳо шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Палата барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди соҳаи аудит ва риояи методологияи амалкунанда баррасӣ гардиданд.

Октябрь 22, 2019 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад