Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд

Октябрь 24, 2019 12:09

ДУШАНБЕ, 24.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо таҳлилҳои амиқи вазъи соҳа суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳадафи вохурӣ баррасӣ ва муҳокимаи фаъолияти кунунии Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории Ҳукумати кишвар бо ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ ва иштироки ин ниҳод дар тадбирҳои ободонию созандагӣ ба хотири рушду пешрафти кишвар аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 узви комилҳуқуқи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат мебошад ва аз ҷониби Тоҷикистон 51 конвенсия ва 22 тавсияи ташкилоти мазкур пазируфта шудааст. Ҳамаи ин санадҳо бевосита барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона гардидааст.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ибтидои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии мардуми мамлакат тадриҷан такмил дода шуданд.

Бо таъмин гардидани рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва ислоҳоти бомароми идораи молияи давлатӣ даромади буҷети давлат аз 6 миллиард сомонии соли 2009 ба 23,8 миллиард сомонӣ дар соли 2019 расонида шуд, яъне дар даҳ соли охир 4 баробар зиёд гардид.

Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Аз ин ру, Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадораст, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.

Инчунин, иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаашон назорати ҷамъиятиро ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, чорабиниҳои ҳифзи меҳнат ва риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, амалӣ намоянд, таъкид доштанд Президенти мамлакат.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки роҳбарону фаъолон ва аъзои иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон минбаъд низ барои фароҳам овардани шароити шоистаи кор ва зиндагӣ ба мардуми шарифи Ватани азизи мо — Тоҷикистон содиқона хизмат хоҳанд кард.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.10.2019

Октябрь 24, 2019 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент ёдгории нави таърихӣ кашф гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мавлоно бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифат мебошанд»
Пагоҳ Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
«CAFA Nations Cup-2023». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тамринҳои навбатиро дар шаҳри Тошканд доир кард
Дар Суғд маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баргузор гардид
Бахшида ба 100-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ дар Академияи миллии илмҳо конфронс доир гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ОЗУҚАВОРӢ. Танҳо як ҳолати назарногири риоя накардани ин талабот боиси сар задани бемориҳо ва марги инсонҳо мешавад
«TAJIKISTAN FASHION WEEK». Беш аз 30 тарроҳ маҳсули дастони худро дар Душанбе ба намоиш гузошт
ҶОМИ МИЛЛАТҲОИ АРАБ-2023. Футзалбозони тоҷик аввалин бозии худро бо дастаи мунтахаби Либия баргузор намуданд
СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТ. Дар ноҳияи Ҷайҳун 500 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд
«Еximbank»-и Корея дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ бунёд менамояд
«ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Хоруғ даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз ёфт

Маводҳои таҳлилӣ