Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Тайи 25 соли охир беш аз 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳаҷми беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардид»
ДУШАНБЕ, 14.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тайи 25 соли охир беш аз 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳаҷми беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардид. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноати мамлакат изҳор доштанд.
«Ҳоло боз зиёда аз 60 лоиҳа ба маблағи беш аз 30 миллиард сомонӣ дар самти энергетика, нақлиёт, логистика, обёриву обтаъминкунӣ, рушди бахши хусусӣ ва дигар самтҳо, ки барои инкишофи соҳаҳои саноати мамлакат ва беҳдошти фазои сармоягузорӣ муҳим мебошанд, татбиқ шуда истодаанд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ ба корхонаҳои истеҳсолӣ бо сармояи хориҷиву ватанӣ тавассути озод намудан аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳои гуногун дар ҳаҷми беш аз 21 миллиард сомонӣ имтиёзҳо пешниҳод гардиданд, ки саҳми давлат дар рушди саноати ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Ҳамзамон бо ин, дар панҷ соли охир Ҳукумати мамлакат бо якчанд ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонид, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва зиёда аз 5 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешаванд ва дар ин самт азхудкунии беш аз 14 миллиард сомонӣ сармояи мустақим пешбинӣ гардид», — иброз намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки то имрӯз дар доираи созишномаҳои сармоягузории зикргардида бо ҷалби қариб 9 миллиард сомонӣ сармояи мустақим 13 корхонаи калони саноатӣ бунёд карда шуд.
«Аммо бояд гуфт, ки бо вуҷуди дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат, инчунин кумакҳои молиявии ба корхонаҳои саноатӣ расонидашуда ва имтиёзҳои барои онҳо ҷоригардида нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ на дар ҳамаи соҳаҳо ҷавобгӯи талаботанд. Масалан, соли 2018 корхонаҳое, ки ба коркарди пурраи нахи пахта машғул мебошанд, аз 6 намуди андоз озод карда шуданд. Ҳамчунин фурӯши либосҳои мактабӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва воридоти ашёи такмилӣ барои истеҳсоли либосҳои мактабӣ аз боҷи воридотӣ ва аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд. Аммо соли 2018 аз ҳаҷми 98 ҳазор тонна нахи пахтаи истеҳсолшуда 93 ҳазор тоннаи он бо дарназардошти бақияи соли гузашта содирот шуда, сатҳи таъминоти хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ дар 8 моҳи соли 2019 ҳамагӣ 9 фоизро ташкил намуд, ки ниҳоят ташвишовар мебошад», — тазаккур доданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






