Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Тайи 25 соли охир беш аз 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳаҷми беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардид»

Октябрь 14, 2019 12:52

ДУШАНБЕ, 14.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тайи 25 соли охир беш аз 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳаҷми беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардид. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноати мамлакат  изҳор доштанд.

«Ҳоло боз зиёда аз 60 лоиҳа ба маблағи беш аз 30 миллиард сомонӣ дар самти энергетика, нақлиёт, логистика, обёриву обтаъминкунӣ, рушди бахши хусусӣ ва дигар самтҳо, ки барои инкишофи соҳаҳои саноати мамлакат ва беҳдошти фазои сармоягузорӣ муҳим мебошанд, татбиқ шуда истодаанд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ ба корхонаҳои истеҳсолӣ бо сармояи хориҷиву ватанӣ тавассути озод намудан аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳои гуногун дар ҳаҷми беш аз 21 миллиард сомонӣ имтиёзҳо пешниҳод гардиданд, ки саҳми давлат дар рушди саноати ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Ҳамзамон бо ин, дар панҷ соли охир Ҳукумати мамлакат бо якчанд ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонид, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва зиёда аз 5 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешаванд ва дар ин самт азхудкунии беш аз 14 миллиард сомонӣ сармояи мустақим пешбинӣ гардид», — иброз намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки то имрӯз дар доираи созишномаҳои сармоягузории зикргардида бо ҷалби қариб 9 миллиард сомонӣ сармояи мустақим 13 корхонаи калони саноатӣ бунёд карда шуд.

«Аммо бояд гуфт, ки бо вуҷуди дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат, инчунин кумакҳои молиявии ба корхонаҳои саноатӣ расонидашуда ва имтиёзҳои барои онҳо ҷоригардида нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ на дар ҳамаи соҳаҳо ҷавобгӯи талаботанд. Масалан, соли 2018 корхонаҳое, ки ба коркарди пурраи нахи пахта машғул мебошанд, аз 6 намуди андоз озод карда шуданд. Ҳамчунин фурӯши либосҳои мактабӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва воридоти ашёи такмилӣ барои истеҳсоли либосҳои мактабӣ аз боҷи воридотӣ ва аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд. Аммо соли 2018 аз ҳаҷми 98 ҳазор тонна нахи пахтаи истеҳсолшуда 93 ҳазор тоннаи он бо дарназардошти бақияи соли гузашта содирот шуда, сатҳи таъминоти хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ дар 8 моҳи соли 2019 ҳамагӣ 9 фоизро ташкил намуд, ки ниҳоят ташвишовар мебошад», — тазаккур доданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Октябрь 14, 2019 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми умумии маблағгузории сармоя дар ноҳияи Хуросон ба зиёда аз 337 миллион сомонӣ расонида шуд
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим дар муколамаи ҷавонон баррасӣ шуданд
Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Спитамен бо вазъи соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва токпарварӣ шинос гардид
Ҷаласаи 21-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир шуд
Дар вилояти Хатлон имконоти ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ баррасӣ гардид
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
14 август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистонро дар самти истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия меомӯзад
Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад
Оид ба кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink лоиҳаи Харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд