Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 15.102019. /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки 19 октябр Вячеслав Володин дар доираи сафари худ бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ мекунад.
Дар ин рӯз Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо арзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» гулчанбар мегузорад.
Дар назар аст, ки меҳмони олиқадр бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз» дидан намояд.








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






