Раиси вилояти Суғд бо намояндагони ҶСК «AzerGold»-и Озарбойҷон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи (ҶСК) «AzerGold»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон Уктам Махмедов ва Шаҳобиддин Мӯсоевро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Раиси вилоят зимни суҳбат иброз дошт, ки дар Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон шудааст.
Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон захираҳои бузурги маъдани нуқраву тилло, сурбу руҳ, сурма ва дигар металлҳо мавҷуд буда, ба рушди соҳаи саноати кӯҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок диққати махсус зоҳир мешавад.
Ҳамчунин Р. Аҳмадзода иброз намуд, ки дар вилояти Суғд дар самти истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ якчанд корхонаҳои муштарак фаъолият дошта, дар рушди иқтисодиёти вилояту ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Меҳмонон зимни мулоқот миннатдории худро барои истиқболи самимӣ баён дошта, ҳавасмандии хешро барои густариши робитаҳо изҳор намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ҶСК «AzerGold» минбаъд бо корхонаи «Апрелевка» ҳамкорӣ ба роҳ мемонад.
Ҷонибҳо пас аз шиносоӣ бо самти фаъолияти корхонаҳо бо ҳавасмандии зиёд дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки ҶСК «AzerGold» яке аз корхонаҳои бузурги саноатӣ буда, ба истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ машғул аст.








Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид






