Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ тасдиқ гардид

Октябрь 11, 2019 15:40

ДУШАНБЕ, 11.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашнии ин чорабиниро интихоб карданд.

Рамзи мазкур аз ҷониби иттифоқҳои рассомон ва дизайнерон омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи илмҳо ва Вазорати фарҳанг дар, бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Рамзи 5500-солагии Саразми бостонӣ доирашакл мебошад ва дар он нишонаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ будани Саразм ишора шуда, дар ду тарафи он номи «Саразм» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷой гардида, дар поёни он «5500» бо рақам нишон дода шудааст.

Бозёфти тиллоии дувоздаҳгӯша, ки маҳсули ҷустуҷӯҳои охир дар Саразм мебошад, дар маркази рамз қарор дорад. Дар миёнаи ин бозёфти дувоздаҳбурҷа деворҳои қадимаи Саразм, ки аз гил сохта шудаанд, насб гардидааст. Худи ин бозёфти тиллоии дувоздаҳбурҷа бо санъати волои заргарӣ сохта шуда, рамзи Хуршед, Офтоб ва Меҳрро ифода менамояд. Ҳалқаи гирди сабз ишора ба осмони кабуду беғубор буда, фазои осоиштаву сулҳу суботро таҷассум месозад. Дувоздаҳ бурҷи ин бозёфт агар таъкид ба дувоздаҳ бурҷи фалак ва ё дувоздаҳ моҳи сол бошад, ба шакли секунҷа овардани он рамзи нурҳои хуршеди ҳаётбахш аст.

Парастиши офтоб аз ҷумлаи боварҳои ориёиён бар пирӯзии нур бар зулмот буда, мазмуни эҳёшавии Замин-модарро ифода месозад.

Тадқиқоти бардавоми бостоншиносони ҷаҳон дар ёдгории Саразм собит сохтааст, ки яке аз оинҳои ориёиён, аз ҷумла аҳли Саразм эътиқод ба Хуршед-Офтоб-Меҳр будааст.

Ишора ва аломатҳои дигари ин рамз баёнгари  бостонию таърихӣ будани Саразм буда, аз шуҳрати Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳад.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд ба сифати намуна аз рамзи 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки дар сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.president.tj) ҷойгир шудааст, васеъ истифода намоянд.

Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ (CorelDRAW)
Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ (JPEG)

Октябрь 11, 2019 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд