С. Лебедев: Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар ҷаласаи Москва консепсияи рушди рақамиро баррасӣ мекунад

Октябрь 18, 2019 13:29

ДУШАНБЕ, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва консепсияи ҳамкорӣ оид ба рушди рақамии ҷомеа баррасӣ мешавад. Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев зимни посух ба саволи мухбири БЕЛТА 16 октябр ба хабарнигорон чунин гуфт.

25 октябр дар Москва ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мешавад. Лоиҳаи рӯзнома 13 масъаларо дар бар мегирад. Дар назар аст, ки дар ҳайати маҳдуд сарони ҳукуматҳо дар бораи масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор кунанд ва санаю ҷои нишасти ояндаи онҳоро муайян кунанд. Ҷаласа дар доираи васеи Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи рушди рақамии ҷомеа ва Нақшаи чорабиниҳои афзалиятноки татбиқи он, инчунин Стратегияи таъмини амнияти иттилоотии давлатҳо —  аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ба гуфти Сергей Лебедев, консепсия ҳуҷҷати хеле муҳим буда, аз рӯи аҳамиятнокӣ он дар ҷои аввал меистад. Пешбинӣ мешавад, ки Вазири рушди рақамии Россия Константин Носков сухан хоҳад гуфт.

«Ин афзалияти рушди иқтисодии тамоми кишварҳои ИДМ мебошад. Ман нав аз Ашқобод баргаштам ва дар ин бора суҳбатҳо буданд, гарчанде ки ин мавзӯъ дар рӯзнома набуд, аммо дар чаҳорчӯби онҳо дар ин бора суҳбат мекарданд, гуфт Сергей Лебедев.  —  Фикр мекунам, ки ин консепсия ба таҳкими ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи рушди рақамӣ мусоидат мекунад».

Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо санадҳои танзимкунандаи ҳамкории кишварҳои Иттиҳод дар соҳаи стандартизатсия, тибби байторӣ, танзими зиддиинҳисорӣ, рушди навигатсияи радиоӣ ва обёрии минтақаҳои аз истихроҷи уран зарардида ба имзо расанд.

Ғайр аз он, сарони ҳукуматҳо ҳуҷҷатҳои марбут ба кофтукови муштараки хизматчиёни ҳарбиеро, ки зимни ҷанг дар Афғонистон солҳои 1979-1989 бедарак гум шудаанд, ҷустуҷӯи ҷойгоҳҳои дафн, азназаргузаронӣ, муайян кардани ҷасадҳо ва дубора дафн кардани онҳо дар ватанашон ва ғайраҳоро ба имзо мерасонанд. Одатан, як қатор ҳуҷҷатҳои барои баррасии сарони ҳукуматҳо пешниҳодгардида ба масъалаҳои дастгирии молиявии фаъолияти мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида мешаванд.

ДАР АКС: ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ш. Қазон, Федератсияи Россия. 26 майи соли 2017 / Акси Кумитаи иҷроияи ИДМ

 

ҒАЙР АЗ ИН…

18 октябр дар Москва ҷаласаи гурӯҳи коршиносон доир ба баррасии пешниҳодҳо ва эродҳои кишварҳои узви ИДМ оид ба лоиҳаи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи нақлиёт барои давраи то соли 2030 баргузор мешавад.

23-24 октябр дар Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон барои такмил ва мувофиқаткунии лоиҳаи Стратегияи рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2021–2030 доир мегардад

23 октябр дар Москва ҷаласаи Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба таҳияи лоиҳаи Созишнома дар бораи тиҷорати озод дар соҳаи хизматрасонӣ баргузор мешавад

24 октябр дар Минск машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар мавзӯи «Дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ бо Иттиҳоди Аврупо ва дигар ташкилотҳои бисёрҷонибаи Аврупо, дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ бо НАТО ва масоили амнияти Аврупо, дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар САҲА баргузор мегардад»

25 октябр дар Москва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ баргузор мешавад

30-31 октябр дар Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқаи лоиҳаҳои Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Нақшаи чорабиниҳои муҳим оид ба татбиқи он баргузор мегардад.

Октябрь 18, 2019 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд