Сафири Тоҷикистон бо Амири минтақаи Қасcими Саудӣ мулоқот намуд

Октябрь 3, 2019 08:45

ДУШАНБЕ, 03.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ 1 октябр бо Амири минтақаи Қассим Шоҳзода Файсал ибни Мишъал ибни Сауд ибни Абдулазиз Оли Сауд мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ як зумра масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрии заминҳо зоҳир гардид.

Ҳарду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш таъкид доштанд.

Баъд аз мулоқот бо Амири минтақа дигар вохӯриҳои муфиди Сафир бо Мудири кулли Хадамоти обёрии минтақаи Қассим муҳандис Абдулмуҳсин ибни Муҳаммад Алфурайҳӣ, Раиси кулли Хадамоти рушди иқтисодӣ ва сармоягузории минтақа доктор Юсуф Аларайнӣ,  муовини Мудири кулли намояндагии Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии ШАС дар минтақа Салоҳ ибни Солеҳ Ал- Абдулҷаббор ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардиданд.

 

Октябрь 3, 2019 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд