Саида Умарзода: «Қариб 665 ҳазор килограмм маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва муҳлатгузашта аз муомилот гирифта шуданд»
ДУШАНБЕ, 16.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон қариб 665 ҳазор килограмм маҳсулоти хӯроквории пастсифат, муҳлати истифодаашон гузашта ва аз ҷиҳати нишондодҳои органолептикӣ (сифатӣ) шубҳанок аз муомилот гирифта шуданд. Дар ин бора муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи ин ниҳод маълумот дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, маблағи умумии ин маҳсулот бештар аз 7 миллиону 860 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар баробари ин масъулин теъдоди зиёди бозичаҳои пастсифату ба талабот ҷавобгӯ набударо аз муомилот гирифтаанд.
«Дар ин давра нисбат ба 5 ҳазору 126 нафар масъулин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 680 ҳазору 084 сомонӣ ҷарима таъйин ва фаъолияти 1 ҳазору 321 муассисаҳои хӯроки умумӣ ва савдо муваққатан боздошт шуд», — афзуд манбаъ.








Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд






