Саида Умарзода: «Қариб 665 ҳазор килограмм маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва муҳлатгузашта аз муомилот гирифта шуданд»

Октябрь 16, 2019 17:06

ДУШАНБЕ, 16.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон қариб 665 ҳазор килограмм маҳсулоти хӯроквории пастсифат, муҳлати истифодаашон гузашта ва аз ҷиҳати нишондодҳои органолептикӣ (сифатӣ) шубҳанок аз муомилот гирифта шуданд. Дар ин бора муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи ин ниҳод маълумот дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, маблағи умумии ин маҳсулот бештар аз 7 миллиону 860 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар баробари ин масъулин теъдоди зиёди бозичаҳои пастсифату ба талабот ҷавобгӯ набударо аз муомилот гирифтаанд.

«Дар ин давра нисбат ба 5 ҳазору 126 нафар масъулин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 680 ҳазору 084 сомонӣ ҷарима таъйин ва  фаъолияти 1 ҳазору 321 муассисаҳои хӯроки умумӣ ва савдо муваққатан боздошт шуд», — афзуд манбаъ.

Октябрь 16, 2019 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд