«Сайидо ва саҳми ӯ дар инкишофи забон ва адабиёти тоҷик»-таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ доир мегардад

Октябрь 14, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 14.10.2019. /АМИТ «Ховар»/.  15-16 октябр, соати 10:00, дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Сайидо ва саҳми ӯ дар инкишофи забон ва адабиёти тоҷик» конференсияи байналмилалӣ доир карда мешавад.

Конференсия ба 400-солагии яке аз барҷастатарин симоҳои адабиёти қарни 17 ва 18 мелодӣ, суханвари бузург Сайидои Насафӣ, ки бо мероси пурқимат ва арзишманди адабӣ ва афкори баланди инсонии худ дар таърихи адабиёти ин давра мақом ва манзалати шоиста доштааст, бахшида мешавад.

Тавре аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиши илмӣ аз ду бахш-забон ва адабиёт иборат буда, тӯли ду рӯз донишмандони дохиливу хориҷӣ масъалаҳои Сайидо ва рушди забони адабии тоҷик дар асри XVII, ҳунари вожаофарии Сайидои Насафӣ, сабк ва дарунмояи ашъори Миробид Сайидои Насафӣ, аҳамияти тарҷумаҳолии ғазалиёти Сайидо ва дигар масъалаҳои марбут ба  осори арзишманду афкори  баландии инсонии ин суханвари бузургро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар конференсияи байналмилалӣ олимон ва намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи иҷлосияи 39 Конфронси генералии ЮНЕСКО номинатсияи 400-умин солгарди таваллуди шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2018-2019 қабул гардид.

Бахшида ба таҷлили 400-солагии ин шоири барҷаста дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои 2018-2019 баргузории барномаҳои гуногун, аз ҷумла, конфронсу семинарҳо, намоишҳо, суҳбату ҳамоиш ва барномаҳои ҳунарӣ дар назар аст.

Октябрь 14, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст