Саноатикунонии босуръат дар мамлакат! Боз ду корхонаи нави истеҳсоли шифер ба фаъолият оғоз намуданд

Октябрь 30, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудани саноатикунонии босуръати мамлакат  дар нуҳ моҳи соли равон ду корхонаи нави истеҳсоли шифер-ҶДММ «Сомоншифер» дар шаҳри Душанбе ва ҶДММ «Анас Одина» дар шаҳри Ҳисор моҳи сентябри соли 2019 ба истеҳсоли шифер оғоз намуданд.

Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, моҳи сентябри соли равон ҶДММ «Сомоншифер» дар шаҳри  Душанбе  корхонаи  истеҳсоли шиферҳои асбестиро мавриди истифода қарор дод. Корхонаи мазкур ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ (49,2 ҳазор дона шифер) маҳсулот истеҳсол намудааст. Дар он 68 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва музди меҳнати доимӣ таъмин гардиданд.

Бино ба маълумоти манбаъ, ҶДММ «Сомоншифер» бо сармоягузории ширкати «Кусто Групп»-и Ҷумҳурии Қазоқистон навсозии таҷҳизоти технологии ин корхонаро бо маблағгузории 300,0 ҳазор доллари ИМА ба анҷом расонид.

Мавриди зикр аст, ки ин корхона дар гузашта яке аз корхонаҳои пуриқтидори истеҳсоли шифер ба ҳисоб рафта, бо сабабҳои рақобатпазир набудани маҳсулоташ аз соли 2010 инҷониб фаъолият намекард.

Инчунин моҳи сентябри соли 2019 корхонаи нав – ҶДММ «Анас Одина»-и шаҳри Ҳисор низ ба истеҳсоли шифер оғоз намуд. Корхонаи мазкур 9,4 ҳазор дона шифер ба маблағи 351,1 ҳазор сомонӣ истеҳсол намуда, 15 нафарро бо ҷойи кор таъмин намудааст.

Маҳсулоти истеҳсолгардида ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ 7 корхонаи истеҳсоли шифер фаъолият мекуннад, ки онҳо дар шаҳрҳои Душанбе (2-то), Ҳисор (2-то), Хуҷанд (2-то) ва ноҳияи Ёвон ҷойгиранд.

Дар нуҳ моҳи соли равон 816,0 ҳазор дона шифер ба маблағи 25,4 миллион сомонӣ истеҳсол гардидааст.

Октябрь 30, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард