Сарони ҳукуматҳои ИДМ ҳамкориро доир ба рушди рақамӣ баррасӣ менамоянд

Октябрь 25, 2019 11:52

ДУШАНБЕ, 25.10.2019 / АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи рӯзи 25 октябр сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҳамкориро дар соҳаи рушди рақамии ҷомеа баррасӣ мекунанд, изҳор дошт муовини якуми раиси кумитаи Думаи давлатӣ оид ба корҳои ИДМ, интегратсияи Авруосиё ва робита бо ҳамватанон Константин Затулин. Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Москва баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ. 

«Дар ҷаласа як зумра қарорҳои рӯзномаи он баррасӣ карда мешаванд, агар хато накунам 13 масъала. Муҳимтарин масъалаҳое, ки бояд баррасӣ шаванд, Консепсияи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи рушди рақамии ҷомеа ва Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок доир ба татбиқи он, Стратегияи таъмини амнияти иттилоотии ИДМ ва дигар масъалаҳо мебошанд», — илова намуд Затулин .

ДАР АКС: парки техникии «Сколково» дар Москва, ки дар он ҷо 25 октябри соли 2019 ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад.

Октябрь 25, 2019 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид