Сарвазири Қатар Прокурори генералии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Октябрь 9, 2019 15:10

ДУШАНБЕ, 09.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Қатар- шаҳри Давҳа Сарвазири Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонро,  ки бо сафари расмӣ дар Қатар қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар заминаи татбиқи амалии натиҷаҳои боздидҳо ва музокироти раҳбарони олии Тоҷикистон ва Қатар зимни мулоқот рушди бемайлони робитаҳои дуҷониба ва фаъолшавии ҳамкории самаранок дар соҳаҳои мухталиф таъкид гардид.

Дар ин робита изҳори боварӣ карда шуд, ки тавсеаи робитаҳои кории прокуратураҳои генералии ду давлат дар таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманд ва созандаи Тоҷикистон ва Қатар саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Ҳамзамон мусоҳибон атрофи як зумра масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар намуданд.

Октябрь 9, 2019 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд