Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров: Тоҷикистон барои таъмини амният ва ҳимояи манфиати ҳаётан муҳими худ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад
ДУШАНБЕ, 28.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи доктринаи ҳарбии миллӣ барои таъмини амният ва ҳимояи манфиати ҳаётан муҳими худ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, афзалияти сиёсиву дипломатӣ ва дигар воситаҳои ғайринизомиро фароҳам меорад. Ин нуктаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот бо раисони кумитаҳо ва комиссияҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, баён дошт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ медиҳад, мулоқоти мазкур дар доираи ҷаласаи сайёри муштараки ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Комиссияи доимии ин Созмон оид ба мудофиа ва амният, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, баргузор гардид.
Зикр шуд, ки ҳамкории парлумонии Тоҷикистон дар доираи Ассамблеяи парлумонии СААД ба манфиати миллии давлатҳои аъзои Созмон мебошад. Ин ҳамкорӣ қабул ва татбиқи қонунҳои миллӣ, муқовимат ба терроризму экстремизм байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, субот дар минтақа, инчунин пойдории ҳудудӣ ва рушди устувори давлатҳои аъзои СААД-ро таъмин менамояд.
«Калиди муваффақияти ин ҳама комёбиҳо, пеш аз ҳама, мавҷудияти иродаи қавӣ ва қатъии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад»,- афзуд Шукурҷон Зуҳуров.
Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ, хариду фурӯши одамон ва киберҷиноятҳоро таҳдид ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мешуморанд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо оид ба мавқеи Тоҷикистон нисбат ба вазъи Афғонистон ибрози назар намуда, рушди ҳамкории бисёрҷонибаи мамлакатҳои аъзои СААД-ро муҳим ва мувофиқи мақсад шумориданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати меҳмонон дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо арзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» гулчанбар гузоштанд.








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






