Шукурҷон Зуҳуров ва Вираҷ Синх дурнамои ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустонро баррасӣ карданд

Октябрь 2, 2019 16:37

ДУШАНБЕ, 02.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон ва робитаҳои байнипарлумонӣ имрӯз дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар мулоқот таъкид карда шуд, ки парлумони касбии мамлакат ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори гурӯҳи дӯстии  байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лок Сабҳаи Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳамчунин иштироки фаъоли парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон имзошуда муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Таъкид карда шуд, ки пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро 71  адад созишномаю ёддоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳад.

Байни ду давлат Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз 80 ширкати ҳиндустонӣ фаъолият доранд ва дар реестри давлатӣ зиёда аз 1083 номгӯи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ сабт шудаанд.

Яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон аст.

Дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ (12 декабри 1995, Деҳлӣ), то ба имрӯз 10 ҷаласаи Комиссияи мазкур баргузор гардидааст.

Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки ҷонибҳо бояд дар доираи имкониятҳои мавҷуда, дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, махсусан омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ ва тарбияи кадрҳои тахассусӣ ҳамкории худро ҷоннок намоянд.

Дар ростои баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон давраҳои мухталиф дар доираи Барномаи омӯзишии ҳамкории иқтисодӣ (ITEC) ва Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) дар Ҳиндустон гузаронида мешаванд.

Айни замон, квотаҳои ITEC барои Тоҷикистон дар як сол аз 150 адад ба 250 адад расонида шуд. Шумораи донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Ҳиндустон зиёда аз 100 нафарро ташкил медиҳад. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон имрӯз 1200 нафар донишҷӯи  ҳиндустонӣ таҳсил мекунанд.

Дар мулоқот ҳамчунин аз раванди густариши робитаҳои сиёсию иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва ҷиҳати роҳандозии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, комплекси агросаноатӣ,  маориф, фарҳанг ва саӣёҳӣ пешниҳодҳои судманд иброз гардид.

Дар мулоқот раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Маҷлиси Лок Сабҳаи Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзодавлат Сабуров иштирок намуд.

Октябрь 2, 2019 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид