Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид

Октябрь 31, 2019 10:40

ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар Теҳрон ҷаласаи навбатии Шӯрои Намояндагони доимии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲИ Низомиддин Зоҳидӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар он масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаи 24-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ дар таърихи 8-9 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Шӯрои Намояндагони доимӣ рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои Вазирон, лоиҳаи Баёнияи Анталия ва асноди дигари марбутаро муҳокима намуда, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Бо дарназардошти ба анҷом расидани раёсати даврии Тоҷикистон дар Шӯрои намояндагони доимӣ ва Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии СҲИ, Дабири кулли ин созмон Ҳодии Сулаймонпур дар ҷаласа суханронӣ намуда, таассуроти самимиашро аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (21 августи соли ҷорӣ) ва  иштирокаш дар  ҷаласаи вазирони  туризми кишварҳои СҲИ (3-4 октябри соли ҷорӣ, Хуҷанд) дар Тоҷикистон  баён намуд ва ба кишвари мо ва Сарвари он барои саҳми муассирашон дар пешбурди фаъолиятҳои Созмони ҳамкории исломӣ ва тақвияти равобит дар фазои Созмони мазкур изҳори сипос намуд.

АКС: ВКХ ҶТ

Октябрь 31, 2019 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд