ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, сешанбе, 288-умин рӯзи соли 2019 аст

Октябрь 15, 2019 08:00

15 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 20 нафар роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

***

5 сол пеш, 15 октябри соли 2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми иқтисодӣ – сармоягузории «Соҳибкорӣ иқтисодиётро таҳрик медиҳад» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Сарони дарлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Қазоқистон сафар карданд.

15 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯз байналмилалии занони деҳот.

***

Рӯзи байналмилалии дастшӯӣ.

***

Дар Бразилия – Рӯзи муаллим.

РӮЙДОДҲО:

15 октябри соли 2011 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи корхонаи коркарди тилло ва мулоқот бо сокинон ба маҳаллаи Шуғноби ноҳияи Ховалинг сафар карданд.

***

15 октябри соли 1666 шоҳи Англия Чарлз II мӯди нав ҷорӣ намуд – ӯ аввалин маротиба камзӯлча ба бар намуд.

***

87 сол муқаддам, 15 октябри соли 1932 ширкати миллии ҳавопаймоии Ҳиндустон«Air-India» таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2003 Чин аввалин кайҳоннаварди худро ба сайёра равон кард.

***

92 сол қабл, 15 октябри соли 1927 дар Иттиҳоди Шӯравӣ меъёри 7-соатаи рӯзи корӣ муқаррар карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Иди Меҳргон барномаҳои фарҳангӣ ва намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардиданд.

***

Соли 1964 калонтарин қубури нафт дар ҷаҳон- «Дӯстӣ» ба фаъолият шурӯъ намуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Октябрь 15, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, ҷумъа, 269-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, панҷшанбе, 268-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, чоршанбе, 267-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, сешанбе, 266-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, душанбе, 265-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, якшанбе, 264-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, ҷумъа, 262-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, панҷшанбе, 261-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, чоршанбе, 260-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, сешанбе, 259-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, душанбе, 258-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, якшанбе, 257-умин рӯзи соли 2025 аст