ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, душанбе, 301 — умин рӯзи соли 2019 аст

Октябрь 28, 2019 08:00

28 октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири вақти фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳомидӣ масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

8 сол пеш, 28 октябри соли 2011 пас аз анҷоми мулоқоти музокироти сатҳи олӣ баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузурги шахсиашон дар ҳамгироию ҳамкорӣ дар фазои пасошӯравӣ бо мукофоти олии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон «Ордени Иттиҳоди дараҷаи 1» сарфароз гардонида шуданд.

 28 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии аниматсия.

***

Дар Россия рӯзи бибиҳо ва бобоён.

РӮЙДОДҲО:

28 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе семинари тиҷоратии доираи соҳибкорони Тоҷикистону Полша баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри  Кӯлоб сохтмони меҳмонхонаи 16-ошёнаи 5- ситорадор оғоз гардид.

***

28 октябри соли 1886 дар Ню-Йорк маросими расмии ифтитоҳи ҳайкали Озодӣ баргузор гардид.

***

105 сол муқаддам, 28 октябри соли 1914 ширкати «Kodak» аз оғози кор барои ташкили технологияи суратҳои ранга эълон намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1707 бар асари заминҷунбӣ дар Япония 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

***

28 октябри соли 1997 дар назди Президенти Федератсияи Россия Комиссия оид ба мубориза бар зидди экстремизми сиёсӣ дар Россия таъсис дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2011 Комроншоҳи Устопириён  дар Ҷумҳурии Латвия чемпиони ҷаҳон оид ба самбо ва соҳиби медали тилло гардид.

***

Соли 1998 хизматрасонии ҷустуҷӯйии iSearch ба фаъолият оғоз намуд.

 

Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Октябрь 28, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш