ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, панҷшанбе, 304 — умин рӯзи соли 2019 аст
31 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои оғози сохтмони пули навбатии мошингард миёни Тоҷикистону Афғонистон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини (собиқ Шӯроободи) вилояти Хатлон сафар карданд.
***
6 сол пеш, 31 октябри соли 2013 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» ё худ низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор дароварданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои сабқати финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2015 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия ба майдони марказии варзишии пойтахт ташриф оварданд.
31 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии Баҳри сиёҳ.
***
Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо.
***
Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ.
РӮЙДОДҲО:
31 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 ва Вазири вақти фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди пули 6 – ум миёни Тоҷикистону Афғонистон оғоз бахшиданд.
***
31 октябри соли 2011 дар шаҳри Париж масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону ЮНЕСКО баррасӣ шуданд.
***
7 сол пеш, 31 октябри соли 2012 Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
***
87 сол муқаддам, 31 октябри соли 1932 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин Кодекси гражданӣ мавриди амал қарор гирифт.
***
31 октябри соли 2011 бинобар ҳисоботи Фонди нуфуси аҳолии СММ 7-миллиардумин сокини Замин ба дунё омад.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1892 Артур Конан Дойл китоби худ «Воқеаҳои ногаҳонии Шерлок Хомс»-ро ба нашр расонд.
***
Соли 1906 Намоиши ҷаҳонии «Экспо-1906» дар шаҳри Милани Италия кори худро ба анҷом расонид.