Талаби ришва барои иваз намудани ному насаб дар вилояти Хатлон
ДУШАНБЕ, 18.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассис-коргузори бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Х.З.-ро барои гирифтани 1650 сомонӣ ҳамчун пора ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид.
Тавре аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 20 сентябри соли 2019 шаҳрванд «А» ба Агентии мазкур бо ариза муроҷиат намуд. Номбурда дар аризааш нисбат ба таъмаҷӯии мутахассис-коргузори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Х.З., ки аз ӯ барои иваз намудани ному насабаш 1650 сомонӣ талаб кардааст, шикоят намуд.
Худи ҳамон рӯз нисбат ба Х.З. бо моддаи 324 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ -тафтишотӣ номбурда баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 1650 сомонӣ дастгир ва далелҳои шайъӣ — маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд. Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






