Талаби ришва барои иваз намудани ному насаб дар вилояти Хатлон

Октябрь 18, 2019 13:29

ДУШАНБЕ, 18.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассис-коргузори бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Х.З.-ро  барои гирифтани 1650 сомонӣ ҳамчун пора ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид.

Тавре аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  20 сентябри соли 2019 шаҳрванд «А» ба Агентии мазкур бо ариза муроҷиат намуд. Номбурда дар аризааш нисбат ба таъмаҷӯии  мутахассис-коргузори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Х.З.,  ки  аз ӯ барои иваз намудани ному насабаш 1650 сомонӣ талаб кардааст, шикоят намуд.

Худи ҳамон рӯз нисбат ба  Х.З. бо моддаи 324 қисми 1 Кодекси  ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.  Зимни гузаронидани чорабиниҳои  фаврӣ -тафтишотӣ номбурда баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 1650 сомонӣ дастгир  ва  далелҳои шайъӣ — маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.  Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Октябрь 18, 2019 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад