Тоҷикистон ба даҳгонаи давлатҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил шуд

Октябрь 28, 2019 16:50

ДУШАНБЕ, 28.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» барои соли 2020 имрӯз дар Душанбе бо иштироки намояндагони ҳукумати мамлакат, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд зимни ҳамоише, ки  бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  созмон дода шуд, муаррифӣ гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид доир ба таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид  ба беҳтар  намудани  мавқеи ҷумҳурӣ  дар арзёбиҳои байналмилалӣ, хусусан ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ, тадбирҳои дар ин самт амалигардида, ҳамкории Ҳукумати  мамлакат бо Бонки ҷаҳонӣ сухан карда, гуфт, ки дар натиҷаи татбиқи  ислоҳоти назаррас  дар мамлакат оид ба содагардонии  расмиёти пешбурди соҳибкорӣ  дар ҳисоботи «Пешбурди  соҳибкорӣ-и Бонки ҷаҳонӣ, ки  танзими  давлатии фаъолияти  соҳибкориро дар  кишварҳои  ҷаҳон арзёбӣ менамояд, соли 2020 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 зина баланд рафта, дар байни 190 давлати ҷаҳон ҷои  106-ум–ро ишғол намуда, бори дигар ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил шуд.

Ҳамзамон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фаррух Ҳамрализода  оид ба мавқеи   Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нишондиҳандаҳои  ҳисоботи «Пешбурди  соҳибкорӣ», нишондиҳандаҳои бақайдгирии  фаъолияти соҳибкорӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи таъмини неруи барқ, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба қарз  ва тиҷорати беруна  ва беҳтар гардидани  мавқеи Ҷумҳурии  Тоҷикистон   дар ин арзёбӣ  ва дурнамои минбаъдаи ислоҳот ибрози назар кард.

Гуфта шуд, ки  дар ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба беҳтар намудани мавқеи мамлакат дар арзёбии «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2022 моҳи майи соли  равон қабул гардид.

Дар ҳамоиш инчунин роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук, роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, коршиносони бахши молиявии Бонки ҷаҳонӣ роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои беҳтар намудани мавқеи Тоҷикистон  дар ҳисоботи мазкур ибрози назар карда, пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.

Октябрь 28, 2019 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст