Тоҷикистон дар Ӯзбекистон барои 200 нафар кӯдакистон месозад
ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои 200 нафар кӯдакистон бунёд мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, иншооти нав бо арзиши умумии 4 миллиард сӯм (420 ҳазор доллари ИМА) моҳи сентябри соли 2020 ба истифода дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Тошканд ва Душанбе Созишнома ба имзо расид. Тибқи он Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби ҳамагонӣ ва як бемористони бисёрсоҳавӣ месозад. Дар навбати худ Тоҷикистон дар Ӯзбекистон мактаб ва кӯдакистон бунёд менамояд.








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






