Тоҷикистон дар Ӯзбекистон барои 200 нафар кӯдакистон месозад

Октябрь 30, 2019 16:25

ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои 200 нафар кӯдакистон бунёд мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, иншооти нав бо арзиши умумии 4 миллиард сӯм (420 ҳазор доллари ИМА) моҳи сентябри соли 2020 ба истифода дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари давлатии  Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Тошканд ва Душанбе Созишнома ба имзо расид. Тибқи он Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби ҳамагонӣ ва як бемористони бисёрсоҳавӣ месозад. Дар навбати худ Тоҷикистон дар Ӯзбекистон мактаб ва кӯдакистон бунёд менамояд.

Октябрь 30, 2019 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд