Усмоналӣ Усмонзода дар ҷаласаи Шӯрои энергетикии барқии ИДМ дар Москва ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар Москва ҷаласаи 55-уми Шӯрои энергетикии барқии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он роҳбарони мақомоти идоракунӣ ва ширкатҳои энергетикии барқии кишварҳои ИДМ иштирок карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Департаменти ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.
Дар ҷаласаи мазкур Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, узви Комиссияи иқтисодии ИДМ Усмоналӣ Усмонзода ширкат варзид.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин муовини Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, директори Департаменти энергетикаи Вазорати маъмурияти ҳудудӣ ва инфрасохтори Ҷумҳурии Арманистон (бо ваколат), Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Беларус, Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси Раёсати Ширкати миллии холдинги энергетикии ҶСК Қирғизистон, Вазири иқтисод ва инфрасохтори Ҷумҳурии Молдова, Вазири энергетикаи Федератсияи Россия, Вазири энергетикаи Туркманистон, Раиси Раёсати ҶСП «Шабакаи барқии миллии Ӯзбекистон», коршиносони ширкатҳои энергетикӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва аз Кумитаи иҷроияи ИДМ муовини директори Департаменти ҳамкории иқтисодӣ А.М. Қулизода иштирок доштанд.
Ҷаласаро Президенти Шӯрои энергетикии барқии ИДМ, Вазири энергетикаи Федератсияи Россия А.В. Новак ифтитоҳ кард.
Тибқи рӯзномаи маҷлис як зумра масъалаҳои мубрами ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи барқ баррасӣ шуданд.
Аъзои Шӯрои энергетикии барқии ИДМ дар бораи тағйирот дар низоми миллии энергетикӣ ва ҷараёни корҳои омодагӣ дар низоми мазкур дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 ҳисобот доданд.
Яке аз масъалаҳои асосии ҷаласа ҳисоботи Директори генералии ҶСП «Россети» П.А. Ливинский дар бораи Консепсияи гузариш ба неруи барқи рақамӣ- 2030 ҳамчун воситаи баланди технологии интиқоли қарорҳо ва маҳсулот гардид. Тасмим гирифта шуд, ки таҷрибаи низоми энергетикии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи табдилдиҳии энергетикаи барқии рақамӣ ва коркарди бархӯрдҳои умумӣ оид ба гузариш ба неруи барқи рақамӣ дар кишварҳои узви ИДМ барои баррасӣ ба Шӯрои энергетикии барқии ИДМ пешниҳод карда шавад. Иштирокчиёни ҷаласа аҳамияти густариши робитаҳои ҳамкориро, ки ба фаъолияти пурсамари корхонаҳои энергетикии кишварҳои узви ИДМ мусоидат мекунад, зикр карданд.
Дар анҷоми ҷаласа қарорҳои протоколӣ ба имзо расиданд.
Ба Кумитаи Иҷроияи ШЭЭ ИДМ супориш дода шуд, ки масъалаи баргузор кардани 56-умин ҷаласаи Шӯрои иқтисодии кишварҳои узви ИДМ-ро моҳи майи соли 2020 бо дарназардошти ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баррасӣ намояд.











Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






