Усмоналӣ Усмонзода дар ҷаласаи Шӯрои энергетикии барқии ИДМ дар Москва ширкат варзид

Октябрь 31, 2019 14:57

ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар Москва ҷаласаи 55-уми Шӯрои энергетикии барқии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баргузор гардид. Дар  он роҳбарони мақомоти идоракунӣ ва  ширкатҳои энергетикии барқии кишварҳои ИДМ иштирок карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Департаменти ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ  хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи мазкур  Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, узви Комиссияи иқтисодии ИДМ Усмоналӣ Усмонзода ширкат варзид.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин  муовини Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, директори Департаменти энергетикаи Вазорати маъмурияти ҳудудӣ ва инфрасохтори Ҷумҳурии Арманистон (бо ваколат), Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Беларус, Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси Раёсати Ширкати миллии холдинги энергетикии ҶСК Қирғизистон, Вазири иқтисод ва инфрасохтори Ҷумҳурии Молдова, Вазири энергетикаи Федератсияи Россия, Вазири энергетикаи Туркманистон, Раиси Раёсати ҶСП «Шабакаи барқии миллии Ӯзбекистон», коршиносони ширкатҳои энергетикӣ ва созмонҳои байналмилалӣ  ва  аз Кумитаи иҷроияи ИДМ  муовини директори Департаменти ҳамкории иқтисодӣ А.М. Қулизода иштирок доштанд.

Ҷаласаро Президенти Шӯрои энергетикии барқии ИДМ, Вазири энергетикаи Федератсияи Россия А.В. Новак ифтитоҳ кард.

Тибқи рӯзномаи маҷлис як зумра  масъалаҳои мубрами ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи барқ баррасӣ шуданд.
Аъзои Шӯрои энергетикии барқии  ИДМ дар бораи тағйирот дар  низоми  миллии энергетикӣ ва ҷараёни корҳои  омодагӣ дар низоми мазкур дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 ҳисобот доданд.

Яке аз масъалаҳои асосии ҷаласа ҳисоботи Директори генералии ҶСП «Россети» П.А. Ливинский дар бораи Консепсияи гузариш ба неруи барқи рақамӣ-  2030 ҳамчун воситаи баланди технологии  интиқоли қарорҳо ва маҳсулот гардид. Тасмим гирифта шуд, ки таҷрибаи низоми  энергетикии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи табдилдиҳии энергетикаи барқии   рақамӣ    ва  коркарди бархӯрдҳои умумӣ оид ба гузариш ба неруи барқи рақамӣ дар кишварҳои узви ИДМ барои баррасӣ  ба   Шӯрои энергетикии барқии  ИДМ пешниҳод карда шавад. Иштирокчиёни ҷаласа аҳамияти густариши робитаҳои ҳамкориро, ки ба  фаъолияти пурсамари корхонаҳои энергетикии кишварҳои узви ИДМ мусоидат  мекунад, зикр карданд.
Дар анҷоми ҷаласа қарорҳои протоколӣ  ба имзо расиданд.

Ба Кумитаи Иҷроияи ШЭЭ  ИДМ супориш дода шуд, ки масъалаи баргузор кардани 56-умин ҷаласаи Шӯрои иқтисодии кишварҳои узви ИДМ-ро моҳи майи соли 2020  бо дарназардошти  ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баррасӣ намояд.

 

 

Октябрь 31, 2019 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 946 миллион сомониро ташкил дод
Рушди ҳамкорӣ дар самти заминсозӣ ва кадастри замин баррасӣ гардид
Ҳаҷми гардиши мутақобили мол байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз 2 баробар афзудааст
Корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд