«Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ»-таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид

Октябрь 5, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 05.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ, имрӯз, 5 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ» конференсияи байналмилалӣ доир мегардад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкилкунандагони асосии конференсия ба ҳисоб меравад.

Ба иттилои роҳбарияти Кумита, дар конференсия олимону забоншиносон аз кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия ва Афғонистон иштирок намуда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба бузургии забони тоҷикӣ, мушкилот ва ҳифзу нигоҳдошти он дар ҷаҳони муосир иброз медоранд.

Дар ҳамоиши илмии байналмилалӣ, аз ҷумла дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ дар Россия: таърих ва вазъи муосир», «Тамаддуни тоҷикон дар гузари замон», «Асолати забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна», «Хусусиятҳои таълими забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон ва Қирғизистон», «Нақши нашрияҳои тоҷикии Қирғизистон дар ростои беҳбуди ҷойгоҳи забону фарҳанги миллӣ», «Забони модарии сӯхиён тоҷикӣ буду бояд тоҷикӣ монад», «Аз таърихи дастурнависии забони тоҷикӣ», «Он чӣ аён аст», «Инъикоси мақоми байналмилалии забони тоҷикӣ дар асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат», «Вазъи омӯзиши забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва: вазифаҳои асосии Маркази забону фарҳанги тоҷикӣ» ва ғайраҳо маърӯзаҳо шунида хоҳанд шуд.

Октябрь 5, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид