Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Кувайт Бадр ал-Дувайшӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Вазири фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Бадр ал-Дувайшӣ мулоқот намуд.
Мулоқоти ҳайати расмии ду давлат дар якҷоягӣ баргузор шуда, сипас бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон суҳбати «мизи муддавар» доир гардид.
Дар оғози ҳамоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иброз намуд, ки «ин Рӯзҳои фарҳангии нахустини дӯстони кувайтӣ дар Тоҷикистон аст ва он рӯйдоди таърихӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин имрӯз мо бо роҳбари ҳайати Кувайт доктор Бадр ал-Дувайшӣ мулоқоти дуҷониба анҷом додем».
Мавсуф иброз намуд, ки «воқеан, мо бо мардуми араб муштаракоти зиёд дорем, аз ин рӯ доир ба соҳаи фарҳанг, маърифат, маънавиёт ва ҷанбаҳои гуногун суҳбат оростем. Тавре медонем, созишномаҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи фарҳанг рӯйи кор омадаанд. Аз ин рӯ теъдоди зиёди ҳунармандони мо- намояндагони соҳаи фарҳанг ба Кувайт сафар анҷом додаанд. Тамоми ҳамкории мо аз муносибатҳои неки роҳбарони ду давлат сарчашма мегиранд. Мо имрӯз ба хулосае омадем, ки минбаъд на танҳо дар Рӯзҳои фарҳангӣ, балки дар доираи барномаҳои гуногуни ҳар ду давлат фаъолона ширкат варзем».
Дар тақвияти суханҳои Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Бадр ал-Дувайшӣ иброз намуд, ки «баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ яке аз омилҳои асосии густариши ҳаркории ду давлат хоҳад буд. Мутмаинем, ки ин Рӯзҳои фарҳангӣ дар сатҳи шоиста баргузор хоҳанд гардид. Ин Рӯзҳои фарҳангӣ ба хотири 25-умин солгарди ҳамкории дипломатии ду давлат ва 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Мо кӯшиш мекунем, ки дар ин рӯзҳо фарҳанги аслии Кувайтро ба мардуми тоҷик муаррифӣ намоем».
Дар кори ҳамоиш рӯзноманигорон ба саволҳои хеш доир ба баргузорӣ ва аҳамияти Рӯзҳои фарҳангӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Баъд аз баргузории ҳамоиш ҳайати расмӣ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард.
Зикр намуд, ки намоиши мусавварҳои рассомони кувайтӣ, акс доир ба таърихи муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар театри давлатии академии опера ива балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
Ҳамчунин Ифтитоҳои расмии Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт бо намоиши филми 10 дақиқаи мустанад оиди муносибати тарафайн ва консерти муштараки ҳунармандони тоҷику кувайтӣдоир мегардад Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ аз соати 16 00 оғоз мегардад.













Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд






