Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсон ҷиҳати баррасии лоиҳаҳои муштарак мулоқот намуд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи фарҳанг ва аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар мамлакатро иқдоми саривақтӣ шумориданд. Ҳамчунин густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои фарҳанг мавриди эътимоди тарафайн таъкид доштанд.
Ҷонибҳо масъалаи моҳи декабри соли равон баргузор намудани Ҳафтаи фарҳангии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Роҳбари Намояндагӣ Мерилин Йосефсон аз Вазири фарҳанги мамлакат баҳри иштирок дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2020, ки дар шаҳри Брюссели Ҷумҳурии Белгия дар назар аст, самимона даъват ба амал овард.
Ин мулоқот дар фазои хушу хотирмон сурат гирифта, чун рамзи дӯстӣ ба якдигар туҳфаҳо тақдим намуданд.

ДАР АКС: Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мерилин Йосефсон.








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






