Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И аз гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И аз Гӯшаи Тоҷикистон, ки бо ибтикори Сафорат дар чорабинии навбатии анъанавии башардӯстона бо номи «Муҳаббат сарҳадҳоро намешиносад» дар шаҳри Пекин таъсис шуда буд, дидан намуд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Чин хабар медиҳад.
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ҳангоми суҳбати кӯтоҳ бо Сафир Парвиз Давлатзода аз меваҷоти шаҳдбори Тоҷикистон, бахусус лимӯ ёдовар шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар гӯшаи Тоҷикистон дар баробари хӯроку шириниҳои миллии тоҷикӣ, асбоби мусиқӣ, зардӯзию либосҳои миллии тоҷикӣ, китобҳо дар бораи таърих ва фарҳанги тоҷикон ва роҷеъ ба фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маводи зиёди сайёҳӣ ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва табиати беназири мамлакат гузошта шуда буд.
Маблағҳои зимни намоишгоҳ ҷамъовардаи беш аз 90 сафоратхона ва ташкилотҳои байналмилалӣ, зиёда аз 50 ширкати чинӣ ва хориҷӣ ба оилаҳои камбизоат ва ободонии деҳоти музофоти Чин ирсол хоҳанд шуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Чин








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






