Вазири мудофиаи Қазоқистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, генерал-майор Нурлан Ермекбаев бо ҳайати ҳамроҳонаш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни бою рангини миллати тоҷик шинос гардид.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷазода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Ермекбаев бо ёдгориҳо ва нигораҳои таърихие, ки бозгӯи давраҳои гуногуни таъриху фарҳанги миллати тоҷиканд, шинос шуд.
Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ бо забони русӣ сайри осорхонавӣ гузарониданд.
Зикр гардид, ки шуъбаҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, аз қабили таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, ки ҳунармандӣ, либоспӯшӣ, тарзи зисти одамон, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, мисгарӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, хосса тарзи зисту зиндагонии тоҷиконро дар давраҳои гуногуни таърих таҷассум мекунанд, ба меҳмонон муаррифӣ гардиданд.
Ҳамчунин ба меҳмонон дар бораи таърихи «Саразм», «Оини Зардуштӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Тахти сангин», «Панҷакенти қадим», «Аҷинатеппа», «Сомониён», «Меҳроби Искодар» ва дигар ёдгориҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик маълумот дода шуд.
Дар охир Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон соядаст гузошт.
Ёдовар мешавем, ки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо сафари 3-рӯза дар Ҷумҳуррии Тоҷикистон қарор дошта, тайи ин муддат бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот ва аз боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе дидан намуд.










Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






