«Венсан — одам-амфибия бидуни пулакча»- оғозбахши дуюмин Фестивали кинои Франсия дар Душанбе

Октябрь 30, 2019 13:05

ДУШАНБЕ, 30.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар  Кохи кинои шаҳри Душанбе дуюмин Фестивали кинои Франсия бо намоиш додани мазҳакаи «Венсан – одам-амфибия бидуни пулакча» оғоз гардид. Дар фестивал Сафири Франсия дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Носир Раҳмон, муовини аввали директори «Тоҷикфилм» Толиб Раҳматуллоев ва меҳмонону донишҷӯёни донишкадаҳои олии мамлакат ҳузур доштанд.

Сафири Франсия дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар аз истиқболи гарми мутасаддиёни  МД «Тоҷикфилм» изҳори хушнудӣ карда, гуфт, ки «ҳар бегоҳ, соати 17:30, шумо метавонед ба Кохи кинои «Тоҷикфилм»  ворид шавед, то  рангорангӣ ва боигарии кинои Франсияро кашф кунед. Тӯли чанд рӯзе, ки кинои Франсия меҳмони шаҳри Душанбест, ҳамагон метавонанд филмҳои кӯтоҳ ва пурраи бадеӣ, мазҳака ва драмаҳо, филмҳои классикӣ ва муосирро тамошо кунанд. Ман хушҳолам, ки дар толор коргардонҳои ҷавон иштирок доранд ва мутмаинам, ки аз дидани ин филмҳо барои худ ягон навгонӣ кашф мекунанд».

Дар рӯзи якуми фестивал филми мазҳакавии «Венсан – одам-амфибия бидуни пулакча» дар нусхаи аслӣ бо забони франсавӣ намоиш дода шуд. Он аз муҳаббати ду ҷавон дар мамлакати афсонавӣ, ки бештари он ҷоро кӯлу дарёҳо фаро гирифтаанд, нақл мекунад.

Мавриди зикр аст, ки  филми мазҳакавии мазкур соли 2013 аз ҷониби коргардон Том Салвадор ба навор гирифта шуда, он бо забони франсавӣ ва нишон додани зерхати  забони русӣ манзури тамошобинон гардид.

Фестивал бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии “Бохтар” ташкил гардида, то 2 ноябр идома меёбад. Тӯли ин рӯзҳо мухлисони санъати кино метавонанд бо беҳтарин намунаи филмҳои солҳои гуногун наворбардоришудаи коргардонҳои франсавӣ шинос шаванд.

Ёдовар мешавем, ки  намоиши филмҳо дар жанрҳои гуногун, мисли мазҳака, драма, инчунин филмҳои тасвирӣ ҳар бегоҳ соати 17:30, дар Кохи кинои «Тоҷикфилм» сурат мегирад. Ҳамаи филмҳо бо забони франсавӣ ё тоҷикӣ бо зерхати русӣ намоиш дода мешаванд.

Октябрь 30, 2019 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад