Ёдгориҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд ба рӯйхати ЮНЕСКО пешниҳод мешаванд
ДУШАНБЕ, 02.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд давраи омӯзишӣ оид ба ҳифзу таблиғи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд оғоз гардид.
Дар ин давра омӯзиши ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мавзеи Фарғона-Сирдарё ва Роҳи бузурги Абрешим гузаронида мешавад.
Давраи омӯзишии мазкур бо ташаббуси Дафтари минтақавии ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ гардида, дар он олимони таърихшинос, фарҳангшиносон, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок мекунанд.
Зимни омӯзиш коршиносони байналмилалӣ ба иштирокчиён оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳо ва пешниҳоди ёдгориҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд барои ворид кардан ба рӯйхати ЮНЕСКО маслиҳат ва машварат хоҳанд дод.
Мавриди зикр аст, ки дар вилояти Суғд вобаста ба ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ду гузаргоҳи Роҳи Абрешим: долони Зарафшон ва долони Фарғона- Сирдарё коргузорӣ ҷараён дорад.
Ёдовар мешавем, ки давраи омӯзишии мазкур то 4 октябр идома меёбад.










Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






