Зимни мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев ва Ҷим Тёрнбулл масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои сиёсати пулию қарзии мамлакат дар мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо муовини якуми директори Департаменти рушди асъори миллӣ ва бозори сармояи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) Ҷим Тёрнбулл дар Душанбе баррасӣ гардид.
Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон ҳамзамон масоили марбут ба тавсеаи бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ, баҳодиҳии низоми бозори аввалияи коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории техникии БАТР ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи лоиҳаи «Ислоҳоти ҳуқуқии бозори сармоя дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Муғулистон»-ро баррасӣ намуданд.
Ҷамолиддин Нуралиев аз натиҷаи ҳамкории самарабахши БМТ ва БАТР изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт: «Барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ яке аз фишангҳои асосии низоми молиявии мамлакат маҳсуб ёфта, ҳамчун механизми иловагӣ барои танзими буҷети давлатӣ аз ҳисоби диверсификатсияи манбаи ҷалби сармоя ба буҷети давлатӣ ва рушди бозори пардохтпазирии молиявӣ мусоидат менамояд. Инчунин қоғазҳои қиматнок ҳамчун фишанги ғайримустақими сиёсати пулию қарзӣ ба ҳисоб рафта, ба БМТ имкон медиҳад, ки пардохтпазирии низоми бонкиро танзим намуда, бозори аввалияи коғазҳои қиматнокро фаъол намояд. Дар натиҷаи беҳтар намудани шарту шароити анҷом додани амалиёт барои иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, самаранокии татбиқи сиёсати пулию қарзӣ таъмин гардида, дар самти рушди бозори коғазҳои қиматнок қадамҳои устувор гузошта мешавад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бозори муташаккили коғазҳои киматноки давлатӣ омили пешбарандаи иқтисодиёт буда, метавонад ба рушди бозори коғазҳои қиматноки бахши хусусӣ, баланд бардоштани сатҳи тиҷорати касбӣ ва беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ мусоидат намояд».
Директори Департаменти рушди асъори миллӣ ва бозори сармояи БАТР Ҷим Тёрнбулл оид ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла вусъат додани фаъолияти бозори аввалия ва дуюмдараҷаи коғазҳои қиматноки давлатӣ ва саҳми БМТ дар он изҳори ҳавасмандӣ кард. Мавсуф барои рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ тавассути зиёд кардани иштирокдорони бозор ва муҳайё кардани заминаи ҳуқуқии он, ба ин восита ба танзим даровардани сиёсати буҷети давлатӣ ва қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагияшро дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бозори пул ва бозори сармоя дар Тоҷикистон изҳор намуд.










ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд






