Зимни мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев ва Ҷим Тёрнбулл масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ баррасӣ шуданд

Октябрь 24, 2019 15:15

ДУШАНБЕ, 24.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои сиёсати пулию қарзии мамлакат дар мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо муовини якуми директори Департаменти рушди асъори миллӣ ва бозори сармояи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) Ҷим Тёрнбулл  дар Душанбе баррасӣ гардид.

Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон ҳамзамон масоили марбут ба тавсеаи бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ, баҳодиҳии низоми бозори аввалияи коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории техникии БАТР ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи лоиҳаи «Ислоҳоти ҳуқуқии бозори сармоя дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Муғулистон»-ро баррасӣ намуданд.

Ҷамолиддин Нуралиев аз  натиҷаи ҳамкории самарабахши БМТ ва БАТР изҳори қаноатмандӣ карда,  гуфт: «Барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ яке аз фишангҳои асосии низоми молиявии мамлакат  маҳсуб ёфта, ҳамчун механизми иловагӣ барои танзими буҷети давлатӣ аз ҳисоби диверсификатсияи манбаи ҷалби сармоя ба буҷети давлатӣ ва рушди бозори пардохтпазирии молиявӣ мусоидат менамояд. Инчунин қоғазҳои қиматнок ҳамчун фишанги  ғайримустақими сиёсати пулию қарзӣ ба ҳисоб рафта, ба БМТ имкон медиҳад, ки пардохтпазирии низоми бонкиро танзим намуда, бозори аввалияи коғазҳои қиматнокро фаъол намояд. Дар натиҷаи беҳтар намудани шарту шароити анҷом додани амалиёт барои иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, самаранокии татбиқи сиёсати пулию қарзӣ таъмин гардида, дар самти рушди бозори коғазҳои қиматнок қадамҳои устувор гузошта мешавад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бозори муташаккили коғазҳои киматноки давлатӣ омили пешбарандаи иқтисодиёт буда, метавонад ба рушди бозори коғазҳои қиматноки бахши хусусӣ, баланд бардоштани сатҳи тиҷорати касбӣ ва беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ мусоидат намояд».

Директори Департаменти рушди асъори миллӣ ва бозори сармояи БАТР Ҷим Тёрнбулл оид ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла вусъат додани фаъолияти бозори аввалия ва дуюмдараҷаи коғазҳои қиматноки давлатӣ ва саҳми БМТ дар он изҳори ҳавасмандӣ кард. Мавсуф барои рушди бозори  коғазҳои қиматноки давлатӣ тавассути зиёд кардани иштирокдорони бозор ва муҳайё кардани заминаи ҳуқуқии он, ба ин восита ба танзим даровардани сиёсати буҷети давлатӣ ва қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагияшро  дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бозори пул ва бозори сармоя дар Тоҷикистон изҳор намуд.

 

 

Октябрь 24, 2019 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1249 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025-ро ба муомилот мебарорад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд