Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар Нишасти 35-уми COMCEC-и Созмони ҳамкории исломӣ дар Туркия иштирок ва суханронӣ намуд

Ноябрь 28, 2019 12:00

ДУШАНБЕ, 28.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25-27 ноябр дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия Нишасти 35-уми Кумитаи доимӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии Созмони ҳамкории исломӣ (COMCEC) баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид иштирок намуд.

Дар доираи ҷаласаи 27 ноябр, ки таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган баргузор гардид, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагӣ аз кишварҳои осиёии аъзои Созмони ҳамкории исломӣ сухан гуфт.

Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон  дар ҳошияи нишаст бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Туркия Фуат Октай дидору гуфтугӯ намуд.

Ҳамин тариқ, дар ҳошияи чорабиниҳои нишаст ҳамзамон мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи ҳамкории исломӣ баҳри рушди бахши хусусӣ (ICD), роҳбарияти Иттиҳодияи исломии байналмилалии молиявӣ ва савдо (ITFC)ва Бунёди ҳамдилии исломӣ (ISF) баргузор гардид.

Зимни ин дидору гуфтушунидҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ноябрь 28, 2019 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд